Барои кортҳои Mastercard дар Тоҷикистон Google Pay-ро ба роҳ мондем. Акнун дорандагони кортҳои Mastercard аз Алиф метавонанд харидҳоро бо телефон дар як лаҳза пардохт намоянд. Пардохт бетамос ва бехатар тавассути Google Pay анҷом меёбад. Он ба осонӣ ва зуд анҷом ёфта, дар ҳама ҷое, ки кортҳои Mastercard қабул мешаванд, дастрас аст.
Ба роҳ мондани технологияҳои муосирро идома медиҳем ва имкониятҳои мизоҷонамонро васеъ менамоем. Системаи Google Pay бо кортҳои Mastercard — як қадами муҳим дар рушди хизматрасониҳои баландсифат мебошад. Мо нақша дорем, ки дар оянда лоиҳаҳои навр ва технологияҳои инноватсиониро ворид намоем, то ки ба шумо барои пардохтҳои зуд ва идоракунии бехатари маблағ имкониятҳои бештар пешниҳод кунем.
Барои чӣ Google Pay қулай аст?
Пардохти бетамос. Танҳо телефонро ба POS-терминал наздик кунед ва пардохт анҷом меёбад. Корт кофтан ё PIN-рамзро ворид кардан лозим нест.
Дар тамоми ҷаҳон. Дар саросари дунё сафар карда, дар ҳазорҳо нуқтаҳои савдое, ки кортҳои Mastercard қабул мекунанд, пардохт кунед. Танҳо телефон лозим мешавад.
Ҳатто бе интернет кор мекунад. Муҳим — NFC дар телефонатон бояд фаъол бошад.
Чӣ тавр кортро ба Google Pay пайваст намудан мумкин?
Google Pay дар телефонҳои Android бо модулҳои NFC ва барномаи Google Wallet дастрас аст. Барои пайваст кардани Mastercard аз Алиф дар барномаи Alif Mobi:
— Боварии ҳосил кунед, ки таҳияи охирин Alif Mobi-ро насб кардаед;
— Корти Mastercard-ро дар экрани асосии барнома пахш кунед.
— Тугмачаи «Илова ба Google Pay»-ро пахш намоед.
— Ду-се қадами дастурамалро дар Google Pay иҷро намоед.
Тамом, акнун шумо метавонед пардохт намоед :)
То ҳол корти Mastercard надоред?
Ҳамаи имкониятҳои Mastercard ва Google Pay-ро аллакай имрӯз бисанҷед. Корти Mastercard-ро аз Алиф дар барномаи Alif Mobi ё дар сайт дархост намоед.
Дар бораи Mastercard
Mastercard рушди иқтисодиёти маҳаллиро дастгирӣ карда, ба мардуми беш аз 200 кишвар дар саросари ҷаҳон илҳом мебахшад. Ширкат ба мизоҷони худ муҳити иқтисодии устувор месозад, ки дар он ҳар як одам метавонад ривоҷ ёбад. Ширкат барои пардохтҳои рақамӣ имкониятҳои зиёде месозаду амалиётҳоро бехатар, осон ва дастрас мекунад. Технологияҳо, инноватсияҳо, ҳамкориҳои пурсамар ба мардум, ширкатҳо ва кишварҳо барои ба мақсад расидан кумак мерасонанд — www.mastercard.com