Интиқолҳо ба Чин акнун дар барномаи Alif

Якҷоя бо Visa интиқолҳоро ба Чин дастрас намудем. Акнун метавонед дар барномаи Alif пулро рост ба Alipay ва WeChat бе комиссия ва бе мубодилаи дубора равон кунед.

Пештар интиқолҳо ба Чин вақти зиёд мегирифтанд: бояд расмиёти бонкиро паси сар мекардед, ба миёнаравон комиссия месупоридед ва барои мубодилаи дубора хароҷоти иловагӣ доштед. Акнун ин раванд осон шуд.

 

Афзалиятҳо

Пул рост бо юан (CNY) мегузарад — ҳатто агар пулро бо сомонӣ фиристед.

Комиссия нест ва маблағ зуд мерасад.

 

Меъёрҳо

Дар як рӯз — 5 000 $

Дар як ҳафта — 10 000 $

Дар як моҳ — 15 000 $

 

Чӣ тавр пул фиристодан мумкин

Ба барномаи Alif даромада, «Пардохт» → «Интиқолҳо ба хориҷа»-ро пахш кунед.

Чин-ро интихоб намуда, Alipay ё WeChat-ро пахш кунед.

Рақам, ному насаби қабулкунанда, маблағ ва мақсади интиқолро ворид намоед.

 

Муҳим: Пулро танҳо шаҳрвандони Чин қабул карда метавонанд. Ин талаботи қонунгузории Чин аст.
Барои кӣ муфид аст

 

Агар бо таъминкунандагони чинӣ кор мекунед, хизматрасонии агентҳо ё кормандонро пардохт мекунед — ин хизматрасонӣ барои шумост. Пулро тавассути барномаи Alif фиристода, бароҳатиашро эҳсос кунед.

Фиристодан
Баргаштан