Пулро метавонед бо системаи Visa Direct ин тавр равон намоед:
- Ба Alif Mobi даромада, бахши «Интиқолҳо»-ро ёбед ва «Ҳама»-ашро пахш кунед.
- «Интиқол ба хориҷа»-ро пахш кунед.
- Туркияро интихоб кунед.
- Рақами корти қабулкунанда ва ному насабашро бо ҳарфҳои лотинӣ, ё ин ки рақамҳои IBAN-ро ворид намоед.
- Як маротиба тафтиш карда, интиқолро тасдиқ кунед.
Инчунин, пулро метавонед тавассути Western Union ва SWIFT фиристед.